![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20190117_093520.jpg?itok=IVFFhkfD)
ДӮСТӢ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ вобаста ба ҷадвали тасдиқгардида, оид ба корҳои ободонӣ созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи ба номи А.Лоҳутии ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро доир намуданд.
Дар Аксияи мазкур аъзо ва ҷонибдорони ҳизб иштирок дошта, дар корҳои ободонӣ, тоза намудани ҷӯйбору роҳравҳои байни деҳа, кашонидани партовҳо, буридани дарахтони хушк саҳм гузоштанд.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳа Шарипов Мирзобек дастаҷамъона бо аъзову ҷонибдорони ҲХДТ дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстиро баҳри иҷроиш ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.