БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём дастур ва роҳнамои сокинон!

ДАНҒАРА. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рӯйдоди муҳими сиёсӣ, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро натиҷагирӣ ва масъалагузорӣ менамояд, мавқеи хосса дорад.

Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, аҳли зиё, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара вохӯрии судманд доир намуданд.

Дар чорабиниҳои баргузор гардида, атрофи нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  суханронӣ карда шуд. Аз он ҷумла, рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар соли 2018, оғози марҳилаи аввали пешниҳоди чоруми сатҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 дар масоили марбут ба об даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, беҳтар гардидани муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, расидан ба сатҳи шарикони стратегӣ, оғоз бахшидани фаъолияти чархи аввалини Нерӯгоҳи барқи обии Роғун - иншооти аср,  татбиқ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат, расидан ба ҳадафи стратегии баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, ҳадафи чоруми стратегӣ қарор гирифтани саноатикунонии мамлакат, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, расидани дарозумрии аҳолӣ ба 75, бунёди корхонаҳои гуногуни саноатӣ, фароҳам гардидани ҷойҳои нави корӣ, ҳифзи саломатӣ ва беҳдошти аҳолӣ, ба истифода додани муассисаҳои таълимии замонавӣ, сифати таълим ва баланд бардоштани дараҷаи касбии мутахассисон, хусусан мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ татбиқи навгониҳо ва ихтироот дар истеҳсолот, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, риояи қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд гардидани нишондиҳандаҳои ММД ва макроиқтисодӣ, эълон гардидани солҳои 2019- 2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, созандагиву ободкорӣ дар деҳот бахшида ба сазовор истиқбол намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, муносибатҳои байналмилалӣ ва вазъи имрӯзаи сайёра.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg