БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташкилоти ибтидоии Роҳсоз татбиқи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандиро хуб қабул намуд

ПАНҶ.Дар асоси  ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо ҷиҳати баррасӣ намудани самтҳои афзалиятноки ҲХДТ ва фаҳмонда додани эълон шудани соли 2019барои сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон  «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ» дар ташкилоти ибтидоии Роҳсози назди Муасиссаи назорати давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳия  хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид. 

Вохӯрӣ бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии Роҳсоз бо тариқи сӯҳбат сурат гирифта, дар он масъалаҳои мумбрами рӯз сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд,  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани иртибот бо мардум дар амалӣ шудани ҳадафу мақсадҳо ва кору пайкори созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар ҳамин васила  саҳм гузоштан дар таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон соли 2019 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои ташкилотҳои ҳизбӣ соли 2019 «Соли баланд бардоштани масъулияти  шаҳрвандӣ» эълон карда шуд. Дар ин замина  барои иҷрои ин мақсадҳо аз ҳизбиёни ташкилоти ибтидои масъулияти баланди шаҳрвандиро  тақозо менамояд.

Ҳамчунин, дар рафти мулоқот оиди тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии  ҷавонон, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз бегонапарастӣ миёни ҷавонон фикру андешаҳо шунида шуд.

Дар охир, раиси ташкилоти ибтидоӣ Мирзоев Талбӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии сиёсати бобарори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кормандони корхонаро ба ташаббусҳои наҷибона равона месозад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg