КУШОНИЁН. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён, оид ба расонидани мазмун ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотии доимоамалкунандаи ҳизбӣ доир шуда истодааст.
Вохӯрии навбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо сокинони ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа, деҳаи Эргаши ноҳия доир гашт.
Дар ин вохӯрӣ масъулин оид ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баррасиии масъалаҳо доир ба вазъи ҷаҳони муосир, омодагии Тоҷикистон дар бораи ҷилавгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ, пешниҳоди сабукиҳо ба соҳибкорон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ карда, афзуданд, ки сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад ва ҳар як фарди ватандӯсту бедордилро мебояд дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои мтиллатро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, дар бунёди боз ҳам Тоҷикистони ази ин ҳам дида тараққикардаву пешрафта саҳмгузорӣ намоем.