БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Корҳои ободонию созандагӣ ба хотири рушду нумӯи Ватан

БОХТАР. Дар маҳаллаи Ҳаёти нави шаҳри Бохтар бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирииКумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ  Исоев Фаррух тибқи ҷадвали кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли ҷорӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи ҳизбии  «Якҷоя ҳал мекунем» ва номгӯи корҳое, ки ҷиҳати иҷрои қисмати амалии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 бо ҷалби оммаи васеи сокинон анҷом дода мешавад, вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин  Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ироа гардида,  маъруза намуданд.

Сипас, дар идома раиси маҳаллаи Ҳаёти нав ҷиҳати тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо, маҳалаи зист ва ҷойҳои таърихӣ ибрози андеша карда, афзуд, ки дар доираи баргузории  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  бо ҷалби  фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар корҳоисозандагиву бунёдкорӣ саҳми арзанда хоҳем гузошт.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg