БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём ифодакунандаи манфиятҳои миллӣ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёси ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии Беморхонаи №3-и Ҷамоати шаҳраки Гулистон ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии навбати баргузор гардид.

Дар вохӯри кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 26 декабри соли 2018 бармеояд ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ  суханрони намуданд.

Дар анҷоми вохӯри дар назди ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии Беморхонаии №3 аксияи ҳизби таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид ки аз ҷониби ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии номбурда ба беморон аз оилаҳои камбизоат табобати ройгон расонида шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg