БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тағироти кадрӣ дар ноҳияи Ҷайҳун

ҶАЙҲУН. Санаи 16.01.2019 Маҷлиси ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид. Дар кори Маҷлиси ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҳизб муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Иброҳимзода Неъматулло иштирок доштанд.

Дар маҷлиси мазкур ду масъала мавриди барраси қарор гириф, якум аз вазифаи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун озод кардани Шомаҳмадова Ҷумъагул ва масъалаи дуюм ба вазифаи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун интихоб намудани Ҳасанзода Тағоймурод.

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбро аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Латифзода Хушрафтор оғоз бахшида, сипас сухан барои баррасии масъалаҳои пешбинишуда ба муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Иброҳимзода Неъматулло дод. Неъматулло Иброҳимзода дар баромадаш қайд намуд, ки Шомаҳмадова Ҷумаъгул бинобар сабаби ба синни мубораки нафақа расиданашон аз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун озод карда шуда, бо розигии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод интихоб карда шудааст.

Ҳамчунин Иброҳимзода Неъматалло дар баромадашон қайд карданд, ки Шомаҳмадова Ҷумъагул дар тӯли фаъолияти меҳнатиаш дар татбиқ ва амалисозии ҳадафҳои Барномавию Оиномавии ҲХДТ саҳми муносиб гузоштааст. Дастгоҳи марказии ҲХДТ ин фаъолияти пурсамари Шомаҳмадова Ҷумъагулро ба инобат гиритфа уро бо Сипоснома қадршиноси намудаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg