БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-масъулияти ватансозиро бар душ дорад!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қизилқалъа»-и ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон  оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ ва татбиқ намуда, дар ин раванд самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эхлон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ, пешгирӣ аз пӯшидани либоси  ба фарҳанги бегона, таъсис ҷойҳои нави корӣ дар хона, аз ин ҳисоб паст кардани сатҳи камбизоативу шиддати бекорӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои  сироятӣ андешаронӣ намуд. 

Баъд аз  суханрониҳои судманд мавсуф тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  ба аёдати  якчанд нафар маюбони гурӯҳи якум рафта, ба онҳо кӯмаки яквақтаина расонид.           

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg