ПАНҶ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷиҳати расонидани кӯмакҳои амалӣ-методӣ ба ташкилотҳои ибтидоии Кумитаҳои иҷроияи ноҳияҳо сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Саидов Ҳусейнҷон бо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ корҳои омӯзишӣ роҳандозӣ намуд.
Саидов Ҳусейнҷон дар семинар оид ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, ҷалби аъзоёни ҳизб дар чорабиниҳои гуногун, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии ҲХДТ ва тарзи дурусти ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоии маҳал ва Кумитаи иҷроия ибрози андеша намуд. Ҳамчунин, баъди натиҷагирӣ фаъолияти Қумитаи иҷроияро дар соли 2018 назаррас арзёбӣ намуда, зикр намуд, ки ҲХДТ имрӯз ба як нерӯи пуриқтидори сиёсӣ табдил ёфта, ҳизбиёнро лозим аст, ки ба пойдории истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
Дар рафти омӯзиши методӣ қайд шуд, ки дар партави Паёми Пешвои миллат соли 2019 барои сохторҳои ҳизбӣ вилояти Хатлон Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ эълон гардид, ки ин масъулияти ҳизбиёнро дучанд намуда, фаъолияти онҳоро бештару пурмасъултар намуд. Дар ин замина роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии «Якҷоя ҳал мекунем!» , ки бо ибтикори КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар нимсолаи дуюми соли 2018 эълон гардида буд, иҷрои он то соли 2021 идома дода мешавад.