БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аз Паём: Сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат, таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад!

КУШОНИЁН.Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Кушониён, баргузории вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотии доимамалкунандаи ҳизбӣ,  оид ба расонидани мазмун ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбии  ноҳия идома дорад.

Вохӯрии навбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён бо мардуми ватандӯсти ҷамоати шаҳраки Бохтариён, деҳаи Суҳроб Муродови ноҳия сурат гирифт.

Дар ин вохӯрӣ масъулин оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасиии масъалаҳо доир ба вазъи ҷаҳони муосир, омодагии Тоҷикистон дар бораи ҷилавгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ, пешниҳоди сабукиҳо ба соҳибкорон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад,  даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани ин дастури муҳим пурмаҳсул ва садоқатмандона фаъолият баранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg