БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои миллат рисолати мост

БОХТАР. Мувофиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ба роҳ монда шудааст.
Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидои ҳизбии «Бозори Нихи» вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Исоев Фаррух иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан Асадуллозода Ватан оид ба нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Пешвои миллат ҳарф зада, қайд намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасиии масъалаҳо доир ба вазъи ҷаҳони муосир, пешгирии ҷавонон аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ, ҷалби бештари ҷавон ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ва берун аз он, дастгирии соҳибкорон , эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад ва  даъват ба амал овард, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани ин дастури муҳим пурмаҳсул ва садоқатмандона фаъолият баранд.

Сипас дар охир ба раиси ташкилоти ибтидои ҳизби «Бозори Нихи»  Аминзода Тоҷиддин барои саҳми арзанда гузоштан дар иҷрои ҳадафҳои барномавии ҲХДТ Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg