ШАҲРИТӮЗ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритӯз дар Беморхонаи сили ноҳия хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Хониши сиёсӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритӯз Ачилдиев Турдимурод ва мутахассиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритӯз Ҳикматова Хайриниссо доир гардида, дар он масъулин дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои мллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолияти оғоз кардани агрегати якуми НОБ-и Роғун андешаронӣ карда, иштирокдоронро барои бештар бурдани корҳои тарғиботӣ дар байни аҳолӣ ҷитҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ҳифзи солимии ҷомеа раҳнамоӣ карданд.