БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешво–раҳнамову роҳкушои мо!

ХУРОСОН. Бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, муовини раиси ноҳияи Хуросон Подшоҳзода Нуринисо Кароматулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим ва сардори шабакаҳои барқи ноҳия Додов Саидаҳмад вохӯрӣ дар толори маҷлисгоҳи шабакаҳои барқи ноҳия таҳти унвони «Паёми Пешво–раҳнамову раҳкушои мо» оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  иштирок доштанд.

Зимнан масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба нуктаҳои асосии  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  андешаронӣ карда, моҳияти   Паёмро ба  ҳамагон фаҳмониданд.

Баъдар дар идомаи суханрониҳо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидзода Раҳмон ба сухан баромада, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  андешаронӣ намуда, аз иштирокдорон барои амалигардонии Аксияи ҳизбӣ, ки  дар он  дастгирии  ятимону  барҷомондагон, маъюбону собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои ниёзмандӣ ҷомеа ва анҷоми  корҳои  созандагиву ободонӣ барои шукуфоии  Ватан ва зиндагии босаодати сокинондарҷ гардидаанд, даъват ба амал овард.

     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg