КӮШОНИЁН. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки Ҷобирзода Тоҳир Гул-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Идигул Қосимзода-раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сатторова Мунаввара раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ба беш аз 50 ятими кулл туҳфагузорӣ карда шуд.
Имрӯзҳо соҳибкорону саховатмандони ҷумҳурӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба бепарасторону ятимон дасти кӯмак дароз мекунанд. Ин иқдоми наҷиби Пешвои миллатро Ҷобирзода Тоҳир Гул вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармашқи кори худ қарор дода, аз ҳисоби буҷети оилавиашон ба беш аз 50 ятимони кулли ноҳия сару либоси зимистона тақдим кард.
Ҷобирзода Тоҳир Гул зимни супоридани кӯмак иброз дошт, ки ҳар яки мо бояд шукронаи ободӣ ва сулҳу суботи диёри биҳиштосоямонро намоем, зеро аз ҷониби Ҳукумати кишварамон барои ятимон ва бепарасторон, ҳамасола маблағи муайян ҷудо карда мешавад. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Роҳбари давлатамон дар ҳар як сафари кории худ бо ятимону бепарасторон вохӯрда, сари онҳоро падарвор сила мекунад ва таъкид мекунад, ки ҳеҷ гоҳ ятимону бепарасторон худро яккаву танҳо ҳис накунанд, чун, ки Ҳукумату давлат сарпарасти онҳо мебошад.
Аз иқдоми хайрхоҳонаву ватандӯстонаи Ҷобирзода Тоҳир Гул вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимони ноҳия хушнуд шуда, миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳаққи ятимону бепарасторон ғамхорӣ зоҳир менамоянд ва ба Ҷобирзода Тоҳир Гул изҳорӣ сипос намуданд.
Ҳамчунин, онҳо ваъда доданд, ки дар ҷавоб ба инқадар дастгирию ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва саховатпешагон, муассисаҳои таълимиро бо сари баланд хатм намуда, дар Донишгоҳои олии ҷумҳурӣ дохил шуда, баҳри миллату давлатӣ хеш саҳмгузор бошанд.
Ҳамзамон, дар фарҷом барои кӯдакони ятим аз ҷониби вакили ватандӯсту хайрхоҳ ва саховатпеша хӯроки нисфирӯзӣ дода шуд.