БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар тарғиби сиёсати созандаи Пешвои миллат саҳми арзанда мегузорем

ХОВАЛИНГ. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии «Бахши фарҳанг»-и ноҳия оид ба омӯзиш ва дар амал иҷро намудан самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидҷалол Сатторов ва Ш.Набиев  хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар назди аъзои ҳизб мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидҷалол Сатторов баромад намуда, талаботи 14 самти афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро ба онҳо фаҳмонид.

Аъзои ҲХДТ, мудири китобхонаи марказии ноҳия М.Сайтоҷов, мудири осорхонаи таърихӣ–кишваршиносии ноҳия Амир Сайиди Мункӣ,   китобдор Ш. Ҳақназарова ва чанде дигарон баромад намуда, аз доир намудани чунин суҳбати пурмуҳтаво изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки дар тарғиби сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

 Дар хониши сиёсӣ ба ҳамаи суолҳои дода шуда, аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷавоби қаноатбахш гардонида шуд.

Баъди анҷоми суҳбат ба аъзои ташкилот талаботҳои Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал менамоем» фаҳмонида шуд. Ҳизбиён дар асоси аксияи мазкур иқдом гирифтанд, ки бо фароҳам шудани шароит фарорасии   рӯзҳои бебарфӣ офтобӣ бо дастгирии якдигар ҷойҳои таъмирталаби клубу китобхона, осорхона ва дигар муассисаҳои соҳаро аз таъмири хушсифат мебароранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg