ҲАМАДОНӢ. Дар иҷрои қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳи мошингарди деҳаи Гулистон аз ҷониби соҳибкорону сокинони деҳаи Гулистон сангфарш карда шуда истодааст. Ҳар рўз аз 12 то 20 нафар сокинони деҳаи Гулистон ба ҳашар баромада, дар сангфарш кардани роҳ ҳиссаи худро гузошта истодаанд.
Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Гадоӣ Сайдалиев бо ҳашарчиён вохӯрда, дар бораи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ карда, қайд намуд, ки корҳои ободониву созандагӣ барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019-2021 аз тарафи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон кардани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.