БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - ташаббускори корҳои ободонӣ дар маҳал

ФАРХОР. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар деҳаи Садоқати ҷамоати деҳоти Ватан, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷлоя ҳал мекунем!» бо анҷоми корҳои ободонӣ баргузор гардид.

Дар ин Аксияи ҳизбӣ сокинон дар якҷоягӣ бо масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бехи дарахтони муассисаи таълимии №37-ро нарм ва сафед намуда, дар ҳудуди ин муассисаи таълимӣ дархатони мевадиҳанда, сояафкан ва ҳамешасабз шинониданд. Ҳамчунин, ҷӯйҳои обгузари ҳудуди деҳаро тоза намуданд.

Дар партави Паёми Пешвои миллат сокинон корҳои ободониро дар деҳа вусъат дода, ният доранд боз рӯзи шанбе ҳашари умумии ниҳолшинонӣ гузаронанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg