БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сарсабзиву хуррами Ватан мақсаду мароми ҳамешагии мост!

ТЕМУРМАЛИК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳамчунин  бобати иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи  баргузории вохӯрию мулоқотҳо, ҳамзамон  оид ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Темурмалик» вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик     баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Баъдан вобаста  ба  татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи ҳизбии « Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии  ҲХДТ, раиси ноҳия Аслзода Эмомиддин Муҳриддин кормандони мақомот ба ҳашари дастаҷамъона баромада,  дар хиёбони маркази ноҳия дарахтони ҳамешасабзи арча шинониданд.

                        

                    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg