БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сафарбар кардани сокинон ба корҳои ободонию созандагӣ дар маҳал

ЛЕВАКАНТ. Вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ оид ба баррасии муҳтавои  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон профессор Ҳасани Муродиён, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Маҳкамова Дилором, номзади илмҳои филологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, муовини раиси шаҳри Левакант, Қурбонова Наргис, Ватанзода Сайҷаъфар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва Суҳроб Валиев мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  иҷроия дар ҷамоати деҳоти Гулистон,, деҳаи Хурамдеҳ вохӯрии судманд доир гардид.

Иштирокдорон  зимни вохӯрӣ дар бораи дастовардҳои дар солҳои охир бадастовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки аз Паёми Сарвари давлат бармеояд,  ибрози андеша намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg