БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи солимии ҷомеа мақсади асосии мост

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шифокорон»  оид ба  шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки санаи 26 декабри соли 2018 ироа гардид, бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Шифокорон” вохӯрӣ доир карда шуд. 

Дар вохӯрӣ  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  Фирдавс Ғафурзода  оид ба  нуктаҳои муҳими   Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баромад намуда, қайд кард, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба соҳаи тандурустӣ эътибори ҷиддӣ дода, бештар маблағҳои буҷа ба ҳамин соҳа нигаронида мешавад. Аммо паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон, инчунин барои камбудиҳои ҷойдошта дар   масъалаи кўмаки аввалияи тиббӣ изҳори нигаронӣ карданд.

Дар идома  мавсуф  вобаста дар амал татбиқ намудани қисмати тарғиботию амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифокорон” корҳои аз нав барқароркунии ҳуҷраҳои табибон, ҳуҷраҳо барои беморон рафта истода, таъмири ҷории бинои маъмурии беморхона то 30-солагии ҷашни Истиқлояти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта  шудааст.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg