БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таблиғот тавассути корҳои созандагиву ободонӣ

Н.ХУСРАВ. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Носири  Хусрав  дар партави  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  шанбегӣ  баргузор  намуда, атрофи  бинои  Кумитаи  иҷроияи ноҳиявии  ҳизбро   ва  замини  назди  биноро шудгор ва  бехи  ниҳолҳоро   нарм   карданд.   Инчунин,  дар ин рӯз дар саҳни бинои маъмурии Кумитаи иҷроия гулҳои ороиширо шинониданд, ки ба ҳусни  атрофи  бино зебоӣ бахшид.

Ҳизбиёни ноҳияи Носири Хусрав ният доранд бо ҷалби фаъолон аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  дар дораи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар корҳои кабудизоркуниву  ободонӣ  саҳми назарра гузошта, ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор истиқбол намоянд.  

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg