БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иттиҳод рамзи ягонагӣ ва пирӯзии миллат аст!

МӮЪМИНОБОД. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Госпитал»-и ноҳияи Мӯъминобод бо иштироки  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  мулоқот доир карда шуд.

Дар мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Рамазон Ҳайдаров ва раиси  ташкилоти ибтидоии ҳизбии Госпитал Р. Шарифов   дар бораи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  самтҳои афзалиятноки  фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тарғиби либоси миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба  ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб  ва гурӯҳи 24, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ,  рушду касбу ҳунарҳои  мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ,  тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи ватандӯстӣ,  риояиталаботи қонунҳои миллӣ,сафарбар кардани  сокинон  дар партави  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣтаҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои анҷоми корҳои хайру сахо,  таъмири роҳу пулҳо, сохтмони иншоотҳои хизматрасонӣ дар маҳали зист  ва дигармасъалаҳои мубрами рӯз  андешаронӣ намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg