БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Суҳбат атрофи Паёми Пешвои миллат ва корҳои ободонӣ

КӮЛОБ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Башорат” атрофи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ мулоқот доир гардид.

Нахуст, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер баромад намуда, изҳор кард, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба гуногунҷабҳа будани масъалаҳо, манфиатҳои давлату миллат ва ҷустуҷӯву дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мавқеи марказиро касб менамояд.

Дар фарҷоми суҳбат ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ботантана тақдим гардиданд.

Баъдан бо роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бехи дарахтони гирду атрофи ташкилот нарм карда шуда, ҷӯю заҳбурҳо тазаву озода  карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg