БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ гардид

ДӮСТӢ.Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Намуна»-и ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродови ноҳияи Дӯстӣ бо сокинони деҳот оид ба баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рущди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.

Мақсади баргузории Аксияи мазкур тозаву озода намудани кӯчаву роҳравҳо, атрофи биноҳо, умуман корҳои ободониву созандагиро дар бар гирифта, сокинони деҳот бо роҳбарии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳа Достиев Рустам ба сохтмони бинои тарабхонаи замонавӣ  ба тариқи ҳашари дастаҷамъона шурӯъ карданд.  Иштирокдорони ҳашари дастаҷамъона  тасмим доранд, ки  дар муддати 1 сол сохтмони тарабхонаро  анҷом дода,  барои баргузории чорабиниҳои фарҳангии ноҳия хизмат расонад.

Иқдоми созандаи  ҲХДТ-ро  фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар маҳал ҳамаҷониба дастгирӣ намуда,   ният  доранд дар оянда низ  корҳои созандагиву бунёдкориро идома диҳанд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg