БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми стратегӣ

ДАНҒАРА. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, аҳли зиё, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар деҳаи Маликоваи ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара вохӯрии судманд доир гардид.

Дар чорабинӣ атрофи нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  суханронӣ карда шуд. Аз он ҷумла, татбиқ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат, саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми стратегӣ, созандагиву ободкорӣ дар деҳот бахшида ба сазовор истиқбол намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, муносибатҳои байналмилалӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва иртиҷоӣ, риояи қонунҳои миллӣ ва вазъи имрӯзаи сайёра андешаронӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg