ШАҲРИТУЗ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз дар соли 2018 тибқи ҷадвали муайяннамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистондар вилояти Хатлон гузаронида шуд.
Дар маҷлиси ҷамъбасти аъзои Кумитаи иҷроия, фаъолон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.
Дар рафти маҷлис ҳисоботи солонаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз шунида шуда, ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз баҳои қаноатбахш дода шуд ва нақшаи кории нимсола барои соли 2019 тасдиқ гардида, ҷиҳати иҷрои бандҳои он ба ҳизбиён дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.