БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” кӯмакҳои ватандӯстонаи ҳизбиён идома доранд

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи иљроияи Ҳизби Халқии Демократии Тољикистон дар ноҳияи Кушониён бо аъзои ташкилоти ибтидоии Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26-декабри соли 2018 бармеояд, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ба фаъолият оғоз кардани чархаи якуми НБО-и Роғун, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳарф зада, иштирокдоронро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, расидан ба қадри хизматҳои беназири Пешвои миллат дар рушду нумуи кишвар раҳнамоӣ намуданд.

Дар охир барои  амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  ба як нафар зани танҳо  ба маблағи 200 сомонӣ кӯмак карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg