БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вусъат ёфтани корҳои созандагӣ дар партави Паём

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шоҳин” мутобиқ ба ҷадвали баргузории суҳбату мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот баргузор карда шуд.

Зимни мулоқот мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шоҳин” Ҳақназаров Носир иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, аз ҷониби иштирокдорони маҷлис гуфта шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури раҳнамусозе мебошад, ки ҷомеаро ба сӯи зиндагии арзанда ҳидоят менамояд. Таъкид гардид, ки мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро  зарур аст, ки Паёми Сарвари давлатро ҳамчун дастур ва ҳидояти нек ба аҳли ҷомеа ба таври мунззам  тарғиб намоем.

Дар маҷлис ба нафароне, ки ба сафи ҳизб ихтиёран шомил гардиданд, билетҳои ҳизбӣ дар фазои ҳамдилӣ супорида шуданд.

Ҳамзамон, дар охир бо роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” гирду атрофи ташкилоти ибтидоӣ тозаву озода гардида, инчунин бехи дарахтон нарм карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg