ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Лаби дарё»-и ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродови ноҳияи Дӯстӣ бо сокинон оид ба баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин атрофи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рущди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуданд.
Мақсади баргузории Аксияи ҳизбии мазкур тозаву озода намудани кӯчаву роҳравҳо, атрофи биноҳо ва сангфарш кардани роҳҳои байни деҳа мебошад.
Пас аз вохӯрӣ Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ гардида, иштирокчиёни ҳашари умумӣ дар навбати аввал 300 метр роҳи байни деҳаи навро сангфарш намуда, тасмим гирифтаанд, ки то охири моҳ боз 200 метри боқимондаи роҳро сангфарш менамоянд.