БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маъюбон зери таваҷҷуӽ ва дастгирии ӼХДТ қарор доранд!

ВОСЕЪ. Тибқи ҷадвали баргузории хонишӽои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии «Хона интернати маъюбон» - и ноҳияи Восеъ вобаста ба самтӽои афзалиятноки фаъолияти ӼХДТ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноҳия Сафарова Ӽафиза, корманди масъули Кумитаи иҷроия Манучеӽри Хуршед ва мутахасиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ситамова Роӽила вохȳрӣ баргузор гардид.

Ӽамзамон, Сафарова Ӽафиза оид ба самтӽои афзалиятноки фаъолияти ӽизбӣ ва Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат, ки санаи 26.12.2018 ироа гардида буд, суханронӣ намуда, қайд кард, ки маъюб – шахсест, ки дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва ақлонӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ гардида,  ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад.

Мавриди зикр аст, ки хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ яке аз самтҳои     муҳими соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шумор рафта, ба шаҳрвандоне расонида мешаванд, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта, аз ҳама бештар осебпазиранд ва ба дастгирию роҳбаладии иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд.

  • ниёзманди ҷомеа ҳамеша муҳтоҷи дастгирию ғамхорӣ мебошад. Инро ба назар гирифта давлат ва Хукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон замина ва шароити хуберо дар даврони истиқлолият фароҳам овардааст. Фазои соҳибистиқлолию сулҳбари кишвар шароит фароҳам овардааст, ки ин ҳама раванди хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ фароҳам оварда шаванду нафарони касбӣ барои меҳрубонӣ ва тавонбахшӣ сафарбар шаванд.
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg