БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Як қадами устувору бузург дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ

ВАХШ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Дониш» -и ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои- миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  вохӯрию мулоқот доир намуд.

Саравал мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Негматов Азизулло иброз дошт, ки Пешвои миллат дар Паёмашон ёдовар шуданд, ки ба кор андохтани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузург дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди дигари муҳими таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум мебошад.

Дар анҷоми вохӯри Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид,  ки аз ҷониби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ,  раиси хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Ҷумъа»  барои зимистонгузаронии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  № 39  200 баста  ҳезум  қӯмак расонид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg