БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалии Аксияи «Якҷоя ҳал мекунем!» дар маҳалаҳои шаҳри Бохтар бо ҷалби оммаи васеи сокинони маҳал

БОХТАР. Дар маҳаллаи Ваҳдат-2 бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгириии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Исоев Фаррух тибқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли ҷорӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва номгӯи корҳое, ки ҷиҳати иҷрои қисмати амалии Аксияи  ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 бо ҷалби оммаи васеи сокинон анҷом дода мешавад,  вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин дар бораи нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ироа гардида, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди  касбу ҳунарҳои мардумӣ, аз ин ҳисоб паст кардани  сатҳи камбизоативу шиддати бекорӣ, таъсиси  ҷойҳои нави корӣ дар  хона ва ҷалби шахсони бекор ба корҳои хонагӣ андешаронӣ карданд.

Сипас, дар идома раиси маҳалаи Ваҳдат- 2 ба сухан баромада ,  дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, ки дар ҳалли мушкилоти  ҷойдоштаи маҳалли зист, бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, рушди маҳал, корҳои ободониву созандагиро дар бар мегирад, ҳарф зада,  иброз дошт, ки  дар тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо, маҳали зист ва ҷойҳои таърихӣ сокинонро  сафарбар  менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg