Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии «Ҳамадонӣ»-и ҷамоати деҳоти Калинин ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2018 бармеояд ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуд.
Дар охири вохӯрӣ Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид, ки аз ҷониби аъзои фаъоли ҲХДТ, соҳибкор Ятимов Мансур бинои нави дуошёнаи Беморхонаи №1-и ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба тариқи ҳашар сохтмонро оғоз намуданд.