БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон

Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар маҳаллаи Ҷавонони ҷамоати деҳоти Шӯрообод тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва дастуру супоришҳои мақомотҳои болои ҳизбӣ баҳри расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд.

Вохӯриро Неъматов Абдуҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин   кушода,  доир ба масъалаҳои болозикр  суханронӣ  намуд.

Баъдан Қурбонова Малоҳат мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба сухан баромада дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва солҳои 2019-2021 эълон гардидани Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  суханронӣ карда, сокинонро  барои  саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот, омӯзонидани ҷавонону наврасон  касбу ҳунарҳои мардумӣ раҳнамоӣ намуд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg