БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар ҳифзи сиҳатии омма масъулият дорем!

ШАҲРИТУЗ. Дар Беморхонаи марказии №2-и   ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз вохӯрии навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддинзода Бадриддин ва Ахмедов  Мирзоанвар баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Шаропов Ҳомидҷон, сардухтури Беморхонаи № 2 Шомуродов И, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мақсади асосии вохӯриҳо расонидани нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба сокинони дурдасти маҳал, фаҳмонидани мақсаду мароми  созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад.

Инчунин,  дар вохӯриҳо самтҳои фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, худкушию худсӯзӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби  шаҳрвандон ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона, аз ин ҳисоб паст кардани шиддати бекориву сатҳи камбизоатӣ, тарбияи дурусти фарзандон, риояи талаботи қонунҳои миллӣ  андешаронӣ намуда,  ҳамзамон  моҳияти   Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро ба  ҷамъомадагони фаҳмониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg