ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи М.Иқбол чорабинии ҳизбӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бегмамадов Асалмамад, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Зайдуллоев Муҳаммадҷон ва сокинони фаъоли маҳаллаи болозикр баргузор гардид.
Дар рафти баргузории чорабинии ҳизбӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Бегмамадов А. ва Зайдуллоев М. вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, махсусан дар доираи тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа ва ҳамчунин оид ба муҳтавои асосии Паёми навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат муфассал суханронӣ намуд. М.Зайдуллоев қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми навбатии худ иброз доштанд, ки соли 2021 мо ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро таҷлил мекунем. Гузашта аз Президенти мамлакат дар ҳамин радиф иброз доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи шоистаи ин ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ корҳои зиёди ободониву созандагиро ба нақша гирифтааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроия ба иштирокдорон ва саҳмгузорони ин чорабинӣ минатдории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро баён намуда, қайд кард, ки Аксияи тарғиботӣ – амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҷиҳатиҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда аз роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, инчунин ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, инчунин қувваи сокинони маҳал иборат мебошад.