БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вохӯрии вакил бо интихобкунандагон дар Хуросон

ХУРОСОН. Дар толори маҷлисгоҳи  муассисаи таълимии деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи  Ҷомӣ-28 Раҷабов Сафаралӣ баргузор гардид.

Дар вохури узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ,  раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидзода Раҳмон  ва дигар шахсони даъватӣ  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан Сафарали Раҷабов дар назди интихобкунандагон оид ба сиёсати  хирадмандонаи  дохилию хориҷии кишвар, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ироа гардид,  андешаронӣ карда, интихобкунандагонро барои расидан  ба қадри  ҳадафҳои неку созандаи Роҳбари давлат, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои волои миллӣ,  саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ даъват кард. 

Дигар баромадкунандагон низ роҷеъ ба мавзӯъҳои  мубрами рӯз суханронӣ намуданд. 

Дар охир  интихобкунандагон ба вакили мардумӣ дархосту пешниҳодҳо намуда, ба суолу дархостҳои хеш ҷавобҳои саҳеҳу амиқ гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg