БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби вакили мардумӣ бо хушнудӣ пазируфта шуд

 КУШОНИЁН. Вакили Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳавзаи интихоботии Кӯшониён -27  Ҷобирзода  Тоҳир Гул  дар Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён қабули   итихобкунандагони худро доир намуд.

Дар қабули вакил зиёда аз 14 нафар шаҳрвандони ноҳияи Кушониён бо аризаи хаттӣ бо  мақсади рӯёндани алимент, сохтмони мактаб, замини наздиҳавлигӣ, маблағ барои табобат, таъмин кардан бо ҷои кор ва кӯмаку  дастгирии  маъюбону эҳтиёҷмандон муроҷиат намуданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирзода Тоҳир Гул  дархосут пешниҳодҳои  шаҳрвандонро бо хушнудӣ пазируфта, ҳамзамон қайд кард, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум дар асоси имкониятҳои маҳал аз тамоми имконияту захираҳо  барои қонеъ гардонидани дархосту пешниҳодҳоятон мусоидат менамоям.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg