ЁВОН. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар доираи ҷадвали тасдиқнамуда бо мақсади баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳандози намудани акасияи ҳизбии "Якҷоя ҳал мекунем!" ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази барқию гармидиҳии Ёвон" шанбегӣ ташкил намуда, гирду атрофи корхона тозаву озода гардонида шуд.
Дар чорабинии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва мутахассиси шуъбаи таблиuот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ширкат варзида, ҷаҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суҳбатҳои муфид доир намуданд.