БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар суҳбатҳо мебояд вазифагузориҳоро бо назардошти қишри шунаванда баён кард

БОХТАР. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло Абдусалом, муовини сардори Раёсати ҳамоҳангсозии мақомоти худидоракунии деҳоти Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Валиев Боймаҳмад Назарович, мудири шуъбаи маҳаллаҳои шаҳри Бохтар Ишмуродов Ҳаким ва дигар фаъолону сокинон иштирок намуданд.

Дар рафти суханронии худ узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар, муовини раис-роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Иброҳимзода Н.А ёдовар гардид, ки тавре аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Дар ин росто Пешвои миллат як қатор дастуру супоришҳоро ҷиҳати бо корҳои ободониву созандагӣ ва бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тавсияву ҳидоятҳои муфид пешниҳоди мо карданд. Вобаста ба ин, аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дастурамал таҳти унвони “Вазифаҳои сохторҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар мавриди шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 бо мақсади сафарбар намудани сокинон баҳри татбиқи амалии он” омода шуда, ба сохторҳои ҳизбии вилоят пешниҳод шудааст. Зимнан супориш дода мешавад, ки гуруҳҳои таблиғотии ҳизбӣ зимни вохӯриву мулоқот самтҳои мушаххаси он, аз ҷумла вазифагузориҳоро бо назардошти қишри шунаванда, дар рафти суҳбатҳо васеъ истифода баранд ва аз баёни суханҳои берун аз мавзӯъ худдорӣ варзанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg