ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва вохӯриву мулоқот дар маҳаллаи Сомонӣ ташкилоти ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров» хониши сиёсӣ атрофии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳамчунин оид ба баррасии муҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 декабри соли 2018 бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим баргузор гардид.
Дар раванди чорабинӣ Сабурзода Насим вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, қайд карданд, ки терроризм ва экстремизм, ки имрӯз ба хатари ҷиддӣ табдил ёфтааст, ҷомеаи ҷаҳониро бештар аз ҳар вақтаи дигар ба ташвиш овардааст. Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд сол пеш бо эҳсоси ин хатар ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дода буданд, ки ба он бетафовут набошанд ва дар ин самт тадбирҳои заруриву муассир биандешанд. Вобаста ба ин, ҳамасола зимни ироаи Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ин падидаҳои номатлуби замон ва мубориза бо онҳо андешаҳояшонро равшану возеҳ иброз медоранду дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Соли 2013 зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамалакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки бо дар назардошти хатарҳои зикршуда ва дар соли 2014 аз қаламрави Афғонистон хориҷ гардидани нерӯҳои байналмилалии зидди террористӣ барои баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Хулоса Перезиденти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сар карда, аз соли 2014пайвастатаъкидмесозанд, ки вобаста ба ҳушдор сохтани ҷомеаи кишвар аз ғояҳои ифротгароёнаву тундравонаи гурӯҳҳои террористӣ таъмини амнияти иттилоотӣ роҳандозӣ карда шавад.
Дар Паёми навин таъкид намуданд, ки вазъи сайёра дар ду-се соли оянда боз ҳам мураккаб мешавад. Ҳамин тавр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёмашон оқибати бади ин зуҳуроти номатлубро бозгӯ мекунанд. Мақсад аз ин ҳама шинохти дуруст ва муборизаву истодагарӣ бар зидди ин вабои аср мебошад.
Инчунин, дар рафти чорабинии мазкур дар доираи Аксияи ҳизбии таблиғотӣ-амалӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" бо ташаббуси сокини маҳалла равшаннокии кӯча ба роҳ монда шуд.