БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор истиқбол менамоем!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ  барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ғаллаобод»-и ҷамоати деҳоти Ғаллаободи  доир ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ бо сокинон  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ зимнан масъулин оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат  суханронӣ  карда, сокинонро барои расидан ба қаду манзалаи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар рушду тараққиёти кишвар раҳнамоӣ карданд.  

Дар ҳудуди маҳалла то имрӯз дар партави Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” як қатор корҳои ободонию созандагӣ,  аз қабили ободу зебо гардонидани гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ  анҷом дода шуда, оиди ба рои аёдати беморон ва расонидани кӯмак ба оилаҳои камбизоат маслиҳатҳои муфид  дода шуд.           

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg