БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо иштироки сокинон роҳандозӣ гардид

ХОВАЛИНГ. Дар ноҳияи Ховалинг дар натиҷаи боридани барфи зиёд роҳравҳои назди муассиса ва ташкилотҳо бо барфи зиёд пӯшонида шуд,  ки рафту омади одамон,  алалхусус кӯдакону наврасони мактабхонро душвор гардонид.

Бо мақсади аз барф тоза намудани роҳраву даромадгоҳҳои ташкилоту муассисаҳо дар ноҳия аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ  карда шуд.  Бо даъват дар ин рӯз аъзо ва  ҷонибдорони ҳизб, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан»ба ҳашар баромада,  дар кори аз барф тоза намудани роҳрав, даромадгоҳҳо, навниҳолон саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Аксияи ҳизбӣ эълон гардида,  то пурра аз барф тоза намудани ҷойҳои одамгузар, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дарахтону навниҳолон давом мекунад.

Дар ин рӯзҳо бо ёрии аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо одамони муҳтоҷи ёрӣ дар тоза намудани барфи назди хонаҳои истиқоматӣ  ва болопӯши хонаҳояшон ёрии амалӣ расонида шуд.

    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg