ҲАМАДОНӢ.Тибқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии «Низомӣ»-и ҷамоати шаҳраки Москва бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ ҷараён гирифт. Дар ин корҳои ободонӣ зиёда аз 150 метр ҷӯйбор тоза карда шуда, ҳамзамон гирду атрофи хонаҳои шахсони маъюбу бепарастор тоза карда шуда, ба тартиб дароварда шуд.
Аз ин иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия сокинони маҳаллаи Низомӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Гадоӣ Сайдалиев вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар, ки тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар бар мегирифт, бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.