БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шаҳрвандон Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро ҷонибдорӣ карданд

МӮЪМИНОБОД. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ  дар ташкилоту муассисаҳо  ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия дар кӯчаи ба номи Асрории ҷамоати шаҳраки Мӯъминобод  мулоқот   баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ муовини  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод Гулсунбӣ Раҷабова,  раиси ташкилоти ибтидоии ҷамоати шаҳраки «Мӯъминобод» С. Мирзошарифзода ва раиси ташкилоти ибтидоии кӯчаи «Асрор»-ӣ  Ҳ. Табаров иштирок намуда, вобаста ба нуктаҳои асосии  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии гаравиши шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, истифодаи сарфаҷӯёнаи нерӯи барқ, пардохти саривақтии маблағи он,  риояи талаботи қонунҳои миллӣ, сафарбар кардани шаҳрвандон ба корҳои созандагиву  ободонӣ омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ ибрози андеша карда, инчунин дар ин раванд моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба дарқи сокинон расонида шуд.

Дар охир  сокинон Аксияи ҳизбиро хуб дарқ намуда,  ҷонибдории хешро ҷиҳати дар амал татбиқ  намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  баён доштанд

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg