БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Боғи фарҳангӣ» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия Ҳакимова Волида тибқи ҷадвали кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли ҷорӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ва номгӯи корҳое, ки ҷиҳати иҷрои қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 бо ҷалби оммаи васеи сокинон анҷом дода мешавад, вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ба сухан баромада, оид ба Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Инчунин, мавсуф дар идома атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳарф зада, ҳамагонро барои саҳм гузоштанд дар корҳои ободониву созандагӣ раҳнамоӣ кард.
Дар охир шахси масъули ташкилоти ибтидои ҳизбии «Боғи фарҳангӣ» Исмоилов Ғолиб вобаста ба бунёди ҷойҳои истироҳатӣ ва фароғатӣ ба шаҳрвандон ва гулзор намудани ҳудуди боғи шаҳр андешаҳои хешро баён намуд.