БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сиёсати некбинонаи Пешвои миллат дар маҳал татбиқ мегардад

ПАНҶ. Дирӯз бо сокинони маҳаллаи 50-солагии Қушунҳои сарҳадии ҷамоати шаҳраки Панҷ оид ба баррасии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохӯрии судманд баргузор гардид.

Зимни мулоқот мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Атавуллоева Зебунисо,  мудири шуъбаи ташкилӣ Ҳошимов Тоҳир ва  мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Ғафуров Сайдамир иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Атавуллоева Зебунисо баромад карда қайд дошт, ки  бо мақсади боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори  сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин бо пешниҳоди Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд.

Дар идома дигар иштирокдорон низ вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Дар охир,  раиси ташкилоти ибтидоии “Марзбон” Улмасова Майрам иброз дошт, ки аз Паёми имсолаи Пешвои миллат илҳоми тоза гирифта, барои иҷрои нуктаҳои он сокинони маҳаларо ба корҳои ободониву  бунёдкорӣ сафарбар менамояд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg