БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ фаъолон бо Сипосномаҳои ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд

ХУРОСОН.Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Хуросон  Сафарзода Раҳматулло Хайрулло, котиби масъули нашрияи ҳизбии «Ҳамрози халқ»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Амирзода Аловуддин, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаӣ-28 Раҷабов Сафаралӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, комиссияҳои кор бо ҷавонону занон, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва гурӯҳи вакилии ҳизбӣ  дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар соли 2018 баргузор гардида, дар он масъалаҳое, ки ба рӯзномаи маҷлис  воридшуда  баррасӣ  карда шуда,  вазифаҳо муайян  ва қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар охири Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло ва Амирзода Аловуддин баромад намуда, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросонро қаноатбахш ҳисобиданд.

Пеш аз ҷамъбасти маҷлис аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Сипосномаҳо ба фаъолони ҳизб, барои иштироки фаъолона дар амалигардонии ҳадафҳои  барномавии ҲХДТ  дар вазъияти тантанавӣ  тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg