Ш.ШОҲИН. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Маҷлиси васеи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баргузор карда шуд.
Дар кори маҷлиси Раёсат намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳомидиён Орзу, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ Зарифзода Почохон, аъзои Кумитаи иҷроия ва фаъолону ҷонибдорони ҳизб иштирок доштанд.
Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон кушода, доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар соли 2018 ба иштирокдорон ҳисобот дод.
Баъдан Асақолов Алиҷон ба сухан баромада, доир ба Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Инчунин, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Зарифзода Почохон андешаҳои хешро оид ба фаъолияти ҳизбиёни ноҳия баён карда, ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбро қаноатбахш ҳисобид ва аз иштирокдорон баҳри татбиқи амалишавии Паёми Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲДТ даъват ба амал овард.
Ҳомидиён Орзу мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва камбудиҳои ҷойдоштаи дар фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин изҳори нигаронӣ намуда, баҳри дар фурсатҳои муайян бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба аъзои Раёсат, аъзои Кумитаи иҷроия ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин маслиҳатҳои муфид дод.
Дар охир як чанд нафар аъзои фаъоли ҳизб, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» -и ноҳия бо Ифтихорномаву Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи вилоятиву ноҳиявии ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд.