БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ватан маъвои меҳр ва сарзамини аҷдодӣ

ШАҲРИТУЗ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заминсоз» хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони ташкилоти ибтидоии номбурда баргузор гардид.

Хониши сиёсӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Ачилдиев Турдимурод ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Замонов Азиз гузаронида шуда, дар рафти он  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва нисбати Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26 декабри соли ҷорӣ бармеояд, андешаронӣ кард.

Инчунин, дар ин раванд мавсуф дар бораи  моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  ҳарф зада, онҳоро барои дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ раҳнамоӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg